Ман бисозам, валек кай шояд

Ман бисозам, валек кай шояд
Зоғ бо тӯтиён шакар хояд?!

Ҳар якеро вилоятест ҷудо,
Кажж бо рост рост кай ояд?!

Гарчи тӯтӣ худ аз шакар зинда-ст,
Зоғро май чамини хар бояд!

Ишқ дар хеш, бин, куҷо гунҷад?!
Модаи гург шери нар зояд?!

Бигрез аз касе, ки ошиқ нест,
Зону гаргин туро гар афзояд!

В-ар шавӣ кӯфта ба ҳовани ишқ,
Дон, ки ӯ сурмает месояд!

Рав, бикун ту хароб хона, аз он-к
Шамси Табрез маст меояд!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.