З-он азалӣ нур, ки парвардаанд

З-он азалӣ нур, ки парвардаанд,
Дар ту зиёдат назаре кардаанд.

Хуш бинигар дар ҳама хуршедвор,
То бигудоранд, ки афсурдаанд!

Сӯйи дарахтон нигар, ай навбаҳор,
К-аз дайи девона бипажмурдаанд.

Лаб бикушо, ҳайкали Исо бихон,
К-аз дами Даҷҷоли ҷафо мурдаанд!

Бишкан имрӯз хумори ҳама,
К-аз майи ту чошние бурдаанд!

Дардиҳ тарёқи ҳаёти абад,
К-ин ҳамагон заҳри фано хурдаанд!

Ҳамчу саҳар пардаи шабро бидар,
К-ин ҳама маҳҷуби дусад пардаанд!

Бас куну Хомӯш, машав садзабон,
Чунки яке гӯш наёвардаанд!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.