Мутаносибанду мавзун ҳаракоти дилфиребат

Мутаносибанду мавзун ҳаракоти дилфиребат,
Мутаваҷҷиҳ аст бо мо суханони беҳисебат.

Чу наметавон сабурӣ, ситамат кашам зарурӣ,
Магар одамӣ набошад, ки биранҷад аз итебат¹.

Агарам ту хасм бошӣ, наравам зи пеши тират,
В-агарам ту сел бошӣ, нагурезам аз нишебат.

Ба қиёс дарнагунҷию ба васф дарнаёӣ,
Мутаҳаййирам дар авсофи ҷамолу рӯю зебат.

Агарам бароварад бахт ба тахти подшоҳӣ,
На чунон ки банда бошам, ҳама умр дар рикебат.

Аҷаб аз касе дар ин шаҳр, ки порсо бимонад,
Магар ӯ надида бошад рухи порсофиребат.

Ту бурун хабар надорӣ, ки чӣ меравад зи ишқат,
Бадар ой, агар на, оташ бизанем дар ҳиҷебат².

Ту дарахти хубманзар, ҳама меваӣ, валекин
Чӣ кунам ба дасти кӯтаҳ, ки намерасад ба себат?

Ту шабе дар интизорӣ нанишастаӣ, чӣ донӣ,
Ки чӣ шаб гузашта бар мунтазирони ношикебат?

Ту худ, эй шаби ҷудоӣ, чӣ шабӣ бад-ин дарозӣ?
Бигузар, ки ҷони Саъдӣ бигудохт аз ниҳебат.


¹ Итоб, маломат, хашм.
² Ҳиҷоб, саропарда.