Аз суйи дил лашкари ҷон омаданд

Аз суйи дил лашкари ҷон омаданд,
Лашкари пайдову ниҳон омаданд.

Ҷомаи сабри ман аз он чок шуд,
К-аз раҳи ҷон ҷомадарон омаданд.

Чодар афканда арӯсони рӯҳ,
Дар талаби шоҳи ҷаҳон омаданд.

Бар масали сел хуш аз ломакон,
Рақскунон сӯйи макон омаданд.

Сурати дил суратҳоро шикаст,
Пардагиён мулкситон омаданд.

Ҳар чи аён буд, ниҳон омаданд,
Ҳар чи ниҳон буд, аён омаданд.

Ҳар чи нишон дошт, нишонаш намонд,
Ҳар чи нишон нест, нишон омаданд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.