Оҳ, дар он шамъи мунаввар чӣ буд

Оҳ, дар он шамъи мунаввар чӣ буд,
К-оташ зад дар дилу дилро рабуд?!

Ай зада андар дили ман оташе,
Сӯхтам, ай дӯст, биё, зуд, зуд!

Сурати дил сурати махлуқ нест,
К-аз рухи дил ҳусни Худо рӯ намуд!

Ҷуз шакараш нест маро чорае,
Ҷуз лаби ӯ нест маро ҳеч суд!

Ёд кун онро, ки яке субҳдам
Ин дилам аз зулфи ту банде кушуд!

Ҷони ман, аввал, ки бидидам туро,
Ҷони ман аз ҷони ту чизе шунуд!

Чун дилам аз чашмаи ту об хӯрд,
Ғарқа шуд андар туву селам рабуд!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.