Шохи гулӣ, боғ зи ту сабзу шод

Шохи гулӣ, боғ зи ту сабзу шод,
Ҳаст ҳарифи ту дар ин рақс бод!

Бод чу Ҷабрилу ту чун Марямӣ,
Исии гулрӯй аз ин ҳар ду зод!

Рақси шумо ҳар ду калиди бақост,
Раҳмати бисёр бар ин рақс бод!

Тахтгаҳи насли шумо шуд димоғ,
Тахт бувад ҷойгаҳи Кайқубод!

Меваи ҳар шох ба миъда равад,
З-он ки бирустаст зи кавну фасод!

Ниъмати мо чун зи мукавван бувад,
Хилт нагардад бухуру иртиқод!

Рӯзии ҳар қавм зи боғи дигар,
Хони бузург аст туро, ай ҷавод!

Қисмати бахт аст, бирав, бахт ҷӯ,
Бахт биҳ аз рахт бувад, алмурод!

Бас,ки насиме ба дил-андар дамид
З-он мадади нур, ки орад вилод!¹


¹ Зо, таваллуд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.