Ай шоҳиди симинзақан, дардиҳ шаробе ҳамчу зар

Ай шоҳиди симинзақан, дардиҳ шаробе ҳамчу зар,
То синаҳо равшан шавад, афзун шавад нури назар!

Кӯрии ҳушёрони диҳ он ҷоми султонӣ бидиҳ,
То ҷисм гардад ҳамчу ҷон, то шаб шавад ҳамчун саҳар!

Чун хобро дарҳам задӣ, дардиҳ шароби эзадӣ,
Зеро нашояд дар карам бар халқ бастан ҳар ду дар!

Ай хӯрда ҷоми зулминан, ташниъи беҳуда мазан,
Зеро ки фоза ман шакар, зеро ки хоба ман кафар!

Ай ту муқими майкада, ҳам мастиву ҳам майзада,
Ташнеъҳои беҳуда чун мезанӣ, ай бегуҳар?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.