Рав, чашми ҷонро баркушо, дар бедилон - андар нигар

Рав, чашми ҷонро баркушо, дар бедилон - андар нигар,
Қавме чу дил зеру забар, қавме чу ҷон бепову сар!

Бе касбу бе кӯшиш ҳама, чун дег дар ҷӯшиш ҳама,
Бе пардаву пӯшиш ҳама, дил пеши ҳукмаш чун сипар!

Аз боғу гул дилшодтар в-аз сарв ҳам озодтар
В-аз ақлу дониш родтар в-аз оби ҳайвон поктар!

Чун зарраҳо андар ҳаво, хуршед эшонро қабо,
Бар обу гил бинҳода по в-аз айни дил бар карда сар!

Дар мавҷи дарёҳои хун бигзашта бар болои хун
В-аз мавҷу аз ғавғои хун домонашон ногашта тар!

Дар хор, лекин ҳамчу гул, дар ҳабс, лекин ҳамчу мул,
Дар обу гил, лекин чу дил, дар шаб, валекин чун саҳар!

Боре, ту аз арвоҳашон в-аз бодаву ақдоҳашон
Мастӣ, хушӣ аз роҳашон, фориғ шуда аз хайру шар!

Бас кун, ки ҳар мурғ, ай писар, худ кай хурад анҷири тар?!
Шуд туъмаи тӯтӣ шакар в-он зоғро чизе дигар!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.