Ошиқе дар хашм шуд аз ёри худ маъшуқвор

Ошиқе дар хашм шуд аз ёри худ маъшуқвор,
Гозуре дар хашм гашт аз офтоби номдор.

В-онгаҳон чун гозуре аз гозурон дарвештар
В-онгаҳон чун офтобе офтоби ҳар диёр!

Нози гозур чун бидид он офтоб, аз лутфи худ
Абр пеш овард, инак гозуре бо кору бор!

Гуфт: «То гозур нахандад, ман бурун н-оям зи абр,
То дили ӯ хуш нагардад, ман набошам барқарор!»

Даста-даста ҷомҳои гозурон аз кор монд,
То падид ояд, ки гозур ихтиёр аст, ихтиёр!

Ҳар ки бошад ошиқи он офтоб аз ҷону дил,
Сар зи хоки пойи гозур барнадорад зинҳор!

Гӯям он гозур кӣ бошад? Шамси Табрезиву бас,
К-аз барои ӯ барояд офтоб аз ҳар канор!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.