Шодие, к-он аз ҷаҳон андар дилат ояд, махар

Шодие, к-он аз ҷаҳон андар дилат ояд, махар,
Шодие, к-он аз дилат ояд, зиҳӣ, кони шакар!

Бозхар ҷони маро з-ин ҳар ду фаррош, ай Худо,
Паҳлуйи асҳоби Каҳфам хуш бихусбон бехабар!

Сояи шодист ғам, ғам дар пайи шодӣ давад,
Тарки шодӣ кун, ки ин ду нагсилад аз ҳамдигар!

Дар пайи рӯз аст шаб в-андар пайи шодист ғам,
Чун бидидӣ рӯз, дон, к-аз шаб натон кардан ҳазар!

Ту пайи ғам медавӣ, шодӣ пайи ту медавад,
Чун пайи шодӣ равӣ ту, ғам бувад бар раҳгузар!

Ёд мекун он наҳангеро, ки моро даркашид,
То намонад фаҳму ваҳму хубу зишту хушку тар!

Ҳамчу шамъи нахлбандон, к-оташаш дар худ кашад,
Коғази пурнақшу сурат дарфитад дар об - дар!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.