Ҳин, ки омад ба сари кӯйи ту Маҷнуни дигар

Ҳин, ки омад ба сари кӯйи ту Маҷнуни дигар,
Ҳин, ки омад ба тамошойи ту дилхуни дигар!

Ошиқи рӯйи туро гунбади гардун накашад,
Магараш ҷой диҳӣ бар сари гардуни дигар!

Ошиқи ту нахурад ҳилаву афсуни касе,
Ту бихону ту бидам бар дилаш афсуни дигар!

Ишқи рӯйи ту ба шаш сӯйи ҷаҳон доми дил аст,
Ки надиданд чунон рух рухи гулгуни дигар!

Раҳмате кун ту бар он мурғ, ки дар дом афтод,
Ки надорад чу ту шоҳаншаҳи бечуни дигар!

Ку дар ин хона яке сӯхтаи мафтуне,
Ки ба шабҳо шунавад нолаи мафтуни дигар?!

Аз паси найшакарат ашки чу атлас борам,
Чораам нест ҷуз ин атласу аксуни¹ дигар!


¹ Иксун – шоҳии сиёҳ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.