Гар зи сирри ишқи ӯ дорӣ хабар

Гар зи сирри ишқи ӯ дорӣ хабар,
Ҷон бидиҳ дар ишқу дар ҷонон нигар!

Ишқ дарёаст мавҷаш нопадид,
Оби дарё оташу мавҷаш гуҳар!

Гавҳараш асрору ҳар сӯйе аз ӯ
Соликеро сӯйи маънӣ роҳбар!

Сар кашӣ аз ҳар ду олам ҳамчу мӯй,
Гар сари мӯйе аз ин ёбӣ хабар!

Дӯш масте хуфта будам нимшаб,
К-уфтод он моҳро бар мо гузар!

Дид рӯйи зарди ман дар моҳтоб,
Кард рӯйи зарди мо аз ашк тар!

Раҳмаш омад, шарбати васлам бидод,
Ёфт як-як мӯйи ман ҷоне дигар!

Гарчи маст афтода будам аз шароб,
Гашт як-як мӯй бар ман дидавар!

Дар рухи он офтоби ҳар ду кавн
Масти лояъқил ҳамекардам назар!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.