GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 187. Дило, бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад

Дило, бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад,
Ниёзи нимшабӣ дафъи сад бало бикунад.

Итоби ёри паричеҳра ошиқона бикаш,
Ки як карашма талофии сад ҷафо бикунад.

Зи мулк то малакуташ ҳиҷоб бардоранд,
Ҳар он, ки хидмати ҷоми ҷаҳоннамо бикунад.

Табиби ишқ масеҳодам асту мушфиқ, лек
Чу дард дар ту набинад, киро даво бикунад?

Ту бо Худои худ андоз кору дил хуш дор,
Ки раҳм агар накунад, муддаӣ, Худо бикунад.

Зи бахти хуфта малулам, бувад, ки бедоре,
Ба вақти фотиҳаи субҳ як дуо бикунад.

Бисӯхт Ҳофизу бӯе ба зулфи ёр набурд,
Магар далолати ин давлаташ сабо бикунад.

Ҳофизи Шерозӣ 188. Маро ба риндиву ишқ он фузул айб кунад
Ҳофизи Шерозӣ 189. Тоири давлат агар боз гузоре бикунад
Ҳофизи Шерозӣ 190. Килки мушкини ту рӯзе, ки зи мо ёд кунад
Ҳофизи Шерозӣ 191. Он кист к-аз рӯйи карам бо мо вафодорӣ кунад
Ҳофизи Шерозӣ 192. Сарви чамони ман чаро майли чаман намекунад
Ҳофизи Шерозӣ 193. Дар назарбозии мо бехабарон ҳайронанд
Ҳофизи Шерозӣ 194. Суманбӯён ғубори ғам, чу биншинанд, биншонанд
Ҳофизи Шерозӣ 195. Ғуломи наргиси масти ту тоҷдоронанд
Ҳофизи Шерозӣ 196. Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд
Ҳофизи Шерозӣ 197. Шоҳидон гар дилбарӣ з-ин сон кунанд
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР