Ишқро бо гуфту бо ӣмо чи кор?!

Ишқро бо гуфту бо ӣмо чи кор?!
Рӯҳро бо сурати асмо чи кор?!

Ошиқон гӯйанд дар чавгони ёр,
Гӯйро бо даст ё бо по чи кор?!

Ҳар куҷо чавгон-ш ронад, меравад,
Гӯйро бо пасту бо боло чи кор?!

Ойина-сту мазҳари рӯйи бутон,
Бо накӯсимошу бадсимо чи кор?!

Сусмор аз об хӯрдан фориғ аст,
Мар варо бо чашмаву саққо чи кор?!

Он хаёле, ки замир автони ӯст,
Пошро бо маскану бо ҷо чи кор?!

Исие, ки баргузашт ӯ аз асир,
Бо ғами сармош ё гармо чи кор?!

Ай расойилкушта бо нодии ғайб,
Рав, туро бо гуфту бо ғавғо чи кор?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.