Рафтам он ҷо масту гуфтам: Ай нигор...

Рафтам он ҷо масту гуфтам: "Ай нигор,
Чун маро девона кардӣ, гӯш дор!".

Гуфт: "Бингар, гӯши ман дар ҳалқаест,
Бастаи он ҳалқа шав чун гӯшвор!".

Зуд бурдам даст сӯйи ҳалқаҳо-ш,
Даст бар ман зад, ки даст аз ман бидор!

Андар ин ҳалқа ту он гаҳ раҳ барӣ,
К-аз сафо дурре шавӣ ту шоҳвор!

Ҳалқаи заррини ман в-он гаҳ шабаҳ!¹
Кай равад бар чарх Исо бо ҳимор?!²


¹ Мӯҳраи сиёҳ.
² Маркаб, саворӣ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.