Рӯзе хуш аст рӯят, аз нури рӯз хуштар

Рӯзе хуш аст рӯят, аз нури рӯз хуштар,
Бода накӯст, лекин соқӣ зи май накӯтар!

Ҳар бастае, ки бошад, имрӯз баркушоед,
Дил дар мурод печад чун боз дар кабӯтар!

Ҳар бедиле зи дилбар инсоф худ биёбад,
Ҳар ташнае нишинад бар оби ҳавзи Кавсар!

Ҳар дам диҳад бути ман нав соғаре ба соқӣ,
К-имрӯз базми ом аст, инро ба ошиқон бар!

Як соғари латифе, к-аз ғояти латифӣ,
Гӯйӣ, ҳама шароб аст, худ нест ҳеч соғар!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.