Ай ойина, фақирӣ, ҷониву чизи дигар

Ай ойина, фақирӣ, ҷониву чизи дигар,
В-ай он ки дар замирӣ, ониву чизи дигар!

Асрори осмонро, андешаву ниҳонро,
Аҳволи ину онро дониву чизи дигар!

Таърихи баргузашта бар инсиву фаришта,
Хатҳои нонабишта хониву чизи дигар!

Аз ғайб ҳиссаҳоро бидҳӣ ба мустаҳаққон
В-аз сина ғуссаҳоро рониву чизи дигар!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.