Мири шикори ман, ки маро кардайӣ шикор

Мири шикори ман, ки маро кардайӣ шикор,
Бе ту на айш дораму на хобу на қарор.

Дилдори ман туйӣ, сари бозори ман туйӣ,
Ин ҷумла ҷавр бар мани мискин раво мадор!

Ай он, ки ёр нест туро дар ҷаҳони ишқ,
Ман дар ҷаҳон фиканда, ки ай ёр, ёр, ёр!

Дардиҳ аз он шароб, ки аввал бидодайӣ,
З-он чашмҳои маст ту бишкан маро хумор!

Аз осмон фирист шаробе, к-аз он шароб
Андар замин намонад як ақли ҳушёр!

Рӯзе ҳазор кор барорӣ ба як назар,
Охир яке назар куну ин корро барор!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.