Мастему бехудему ҷамоли ту пардадар

Мастему бехудему ҷамоли ту пардадар,
З-ин пас мабош, моҳо, дар абру парда дар!

Мо, ҷамъи ошиқони ту, хушқадду қоматем,
Моро салоии фитнаву шӯру ҳазор шар!

Хуршед тофтаст зи рӯйи ту чоштгоҳ,
Дар ишқи қурси рӯйи ту рафтем бом-бар!

Мастист дар сар аз маю ин тоби офтоб
Дар сар битофтаст, пас аз даст рафт сар!

Ай мутриби ҳавои дили ошиқони рӯҳ,
Бинвоз лаҳни ҷон, ки танантан латифтар!

То ҷонҳо зи хирқаи танҳо бурун шавад,
То бар сурини хирқа равад ҷони бохабар!

Аз ҷоми софи бода ту хошоки ҷисмро
Бардор, то ниҳем ба иқбол бар ба бар!

То дидаҳо гузора шавад аз ҳиҷобҳо,
То вораҳад зи хонаву мону зи бому дар!

Симурғи ҷону мафхари Табрез Шамси дин
Бинад ҳазор равзаву ёбад ҳазор пар!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.