Бар сари раҳ дидамаш, тез равон чун қамар

Бар сари раҳ дидамаш, тез равон чун қамар,
Гуфтам: "Баҳри Худо, якдама оҳистатар!

Як дам, ай моҳваш, асбу инонро бикаш,
Ай ту чу хуршеду хур соя зи мо зӯ¹ мабар!"

Гуфт: "Манам офтоб, нест туро тоби тоб,
З-он ки зи як тоби ман аз ту намонад асар!

З-он, ки ту дар сардсер доштайӣ рахти хушк,
Хушклабу чашмтар будайӣ аз хушку тар!

Бурҷи ман онсӯтар аст, дур зи хушку тар аст,
Нек аҷаб гавҳар аст, нек пур аз шӯру шар!

Аз паси чандин ҳиҷоб чок задастӣ ту ҷайб,
Аз паси парда туро ёва шуда пову сар!

Ҷониби Табрез тоз, ҷониби шамъи тароз,
Шамси Ҳақи сарфароз то шавадат зебу фар!"


¹ Зуд, тез.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.