Касе бигуфт: "Зи мо ё аз ӯст некиву шар?!"...

Касе бигуфт: "Зи мо ё аз ӯст некиву шар?!".
Ҳанӯз хоҷа дар ин аст, риши хоҷа нигар!

Аҷаб, ки хоҷа ба ранге, ки тифл буд, бимонд,
Ки риши хоҷа дигар буду гашт ранг дигар?

Бигӯямат, ки чаро хоҷа зеру боло гуфт?!
Бад-он сабаб, ки нагаштаст хоҷа зеру забар!

Ба чор пову ду по хоҷа гирди олам гашт,
Валек ҳеч нарафтаст қаъри баҳр ба сар!

Гумони хоҷа чунон аст, ки хоҷа биҳтар гашт,
Валек ҳаст чу бемори диқ вопастар!

Ба ҳуҷҷату ба лаҷоҷ¹ ситеза афзун гашт,
Зи ҷону ҳуҷҷати завқаш набуд ҳеч хабар!

Тариқи баҳс лаҷоҷ асту иътирозу далел,
Тариқи дил ҳама дида-сту завқу шаҳду шакар!


¹ Хусумат, якравӣ, инод.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.