Ба хидмати лабат омад ба интиҷоъ106 шакар

Ба хидмати лабат омад ба интиҷоъ¹ шакар,
Ки аз лаби шакарин бахш як-ду соъ² шакар!

Лаби ту аст, ки шаккар зи айни ӯ рӯяд,
На мунтазир, ки расад нася аз буқоъ³ шакар!

Шакар ба вақти шакархӯрданат насибе ёфт,
Ки бар мазоқи даҳонҳо бувад матоъ шакар!

Бибастайӣ ду лаб имрӯз, з-он ҳаметарсам,
Ки аз ғами ту бимонад зи интифоъ⁴ шакар!

Зиҳӣ набот, ки дорад лаби ту, к-аз вай шуд
Амири ҷумла наботот бе низоъ шакар!

Даҳон бибандаму баста шакар ҳамехоям,
Ки то ба ҷон бирасад хуш ба ибтилоъ⁵ шакар!


¹ Дар талаби некиву марҳамат.
² Паймонаи ғаллаву шакар.
³ Ҷое дигар.
⁴ Суд, самар, фоида, ҳосил.
⁵ Фурӯ бурдан, балъидан.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.