Рӯй бинмо ба мо, макун мастур

Рӯй бинмо ба мо, макун мастур,
Ай ба ҳафт осмон чу маҳ машҳур!

Мо яке, ҷамъи ошиқон, зи ҳавас
Омадем аз сафар зи роҳе дур.

Ай, ки дар айни ҷони худ дорӣ
Сад ҳазорон биҳишту ҳуру қусур,

Сар фурӯ кун зи бому хуш бингар
Ҷониби ҷамъи ошиқе ранҷур!

Соқии сӯфиён, шаробе диҳ,
К-он на аз хум бувад, на аз ангур!

З-он шаробе, ки бӯйи ҷӯшиши ӯ
Мурдагонро бурун кашад аз гӯр!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.