Халқро зери гунбади даввор

Халқро зери гунбади даввор
Чашмҳо кӯру диданӣ бисёр!

Ҷаври ӯ каш, аз он ки шӯриши дил
Нури чашм аст, ё улулабсор!

Бар ду дида ниҳам ғамат, к-ин дард
Доруйи хоси хусравист ба бор!

Боғи ҷон хуш зи сангборон аст,
Мо нахоҳем қатра санг бибор!

Шамси Табрез гавҳари ишқ аст,
Гавҳари ишқро ту хор мадор!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.