Хуфтани ошиқ якест бар сари дебову хор

Хуфтани ошиқ якест бар сари дебову хор,
Чун натавонад кашид даст дар оғӯши ёр.

Гар дигареро шикеб ҳаст зи дидори дӯст,
Ман натавонам гирифт бар сари оташ қарор.

Оташи оҳ асту дуд меравадаш то ба сақф,
Чашмаи чашм асту мавҷ мезанадаш бар канор.

Гар ту зи мо фориғӣ, мо ба ту мустазҳарем¹,
В-ар ту зи мо бениёз, мо ба ту уммедвор.

Эй ки ба ёрони ғор муштағилӣ дӯстком,
Ғамзадае бар дар аст, чун саги асҳоби ғор.

Ин ҳама бор эҳтимол мекунаму меравам,
Уштури маст аз нишот гарм равад зери бор.

Мо сипар андохтем, гардани таслим пеш,
Гар бикушӣ, ҳокимӣ, в-ар бидиҳӣ зинҳор.

Теғи ҷафо гар занӣ, зарби ту осоиш аст,
Рӯй туруш гар кунӣ, талхи ту ширингувор.

Саъдӣ, агар доғи ишқ дар ту муассир шавад,
Фахр бувад бандаро доғи худовандгор.


¹ Ба ёрии ту дилгарм мешавем.