Ҳаст касе софиву зебоназар

Ҳаст касе софиву зебоназар,
То бикунад ҷониби боло назар?!

Ҳаст касе пок аз ин обу гил,
То бикунад ҷониби дарё назар?!

По биниҳад бар камари кӯҳи Қоф,
То бизанад бар пари Анқо назар?!

То ки назар маст шавад з-офтоб,
То бишавад бесару бепо назар?!

Ҳаст касеро мадад аз нури ишқ,
То фитадаш ҷумла бад-он ҷо назар?!

Об ҳам аз об мусаффо шавад,
Ҳам зи назар ёбад бино назар!

Ҷумла назар шав, ки ба даргоҳи Ҳақ
Роҳ наёбад магар, илло назар!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.