Биё, бо ту маро кор аст имрӯз

Биё, бо ту маро кор аст имрӯз,
Маро савдои гулзор аст имрӯз!

Биё, дилдори ман, дилдорие кун,
Ки рӯзи лутфу ӣсор аст имрӯз!

Дили ман ҷомаҳоро медаронад,
Ки рӯзи васли дилдор аст имрӯз!

Бихандон ҷони моро аз ҷамоле,
Ки бар гулбаргу гулнор аст имрӯз!

Чаро ҷонҳо бар он лаб маст гаштанд?!
Ки он ҷо нуқл бисёр аст имрӯз!

Навойи тӯтиён офоқ пур шуд,
Ки шаккарҳо ба хирвор аст имрӯз!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.