Дар ин сармо сари мо дорӣ имрӯз (... найшакарҳо дорӣ имрӯз!)

Дар ин сармо сари мо дорӣ имрӯз,
Дили айшу тамошо дорӣ имрӯз?!

Маяфкан навбати ишрат ба фардо,
Чу осойиш муҳайё дорӣ имрӯз!

Бигустар бар сари мо сояи худ,
Ки хуршедона симо дорӣ имрӯз!

Дар ин хумхона моро меҳмон кун,
Бад-он ҳамсоя, к-он ҷо дорӣ имрӯз!

Ниқоб аз рӯйи сурхи ӯ фурӯ каш,
Ки дар парда Ҳумайро дорӣ имрӯз!

Даришкан киштии андешаҳоро,
Ки каффе ҳамчу дарё дорӣ имрӯз!

Саре аз айну шину қоф барзан,
Ки сад исму мусаммо дорӣ имрӯз!

Хамуш бошу мадам дар нойи мантиқ,
Ки Мисру найшакарҳо дорӣ имрӯз!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.