Агар оташ аст ёрат, ту, бирав, дар ӯ ҳамесӯз

Агар оташ аст ёрат, ту, бирав, дар ӯ ҳамесӯз,
Ба шаби фироқ сӯзон ту чу шамъ бош то рӯз!

Ту мухолафат ҳамекуш, ту мувофақат ҳамекун,
Чу либоси ту даронанд, ту либоси васл медӯз!

Ба мувофақат биёбад тану ҷон самоъи ҷоне,
Зи рубобу даффу сурнову зи мутрибон даромӯз!

Ба миёни бист мутриб чу яке занад мухолиф,
Ҳама гум кунанд раҳро, чу ситеза шуд қаловуз!

Ту магӯ ҳама ба ҷанганду зи сулҳи ман чӣ ояд,
Ту яке найӣ, ҳазорӣ, ту чароғи худ барафрӯз!

Ки яке чароғи равшан зи ҳазор мурда биҳтар,
Ки биҳ аст як қади хуш зи ҳазор қомати кӯз!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.