Он ёри турушрӯро ин сӯй кашонедаш

Он ёри турушрӯро ин сӯй кашонедаш,
З-ин соғари хандонрӯ ҷоме бичашонедаш!

З-ин бода нахӯрдаст ӯ, з-он бориду сард аст ӯ,
Бо ин ҳама, бидҳедаш ҷоме, бипазонедаш!

Ӯ сирка чаро орад, ғӯра зи чи афшорад?!
З-он заҳр ҳамеборад, то ҷумла бидонедаш!

Он бодаи ангурӣ нафзояд ҷуз кӯрӣ,
Паҳлӯйи чунин бода, биллаҳ, манишонедаш!

Бошад бувадаш сакта, дар гӯр набояд кард,
З-ин оби Хизир як каф дар ҳалқ чашонедаш!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.