Ҳангоми сабӯҳ омад, ай мурғи саҳар, хонаш

Ҳангоми сабӯҳ омад, ай мурғи саҳар, хонаш,
Бо Зуҳра дарогӯён дар ҳалқаи мастонаш!

Ҳар ҷон, ки бувад маҳрам, бедор кунаш он дам
В-он, к-ӯ набувад маҳрам, то ҳашр бихусбонаш!

Мегӯ суханаш баста дар гӯши дил оҳиста,
То куфр ба пеш орад сад гавҳари ӣмонаш!

Як барқ зи ишқи шаҳ бар чарх занад ногаҳ,
Оташ фитад андар маҳ, барҳам занад арконаш!

Он ҷо, ки иноятҳо бахшид вилоятҳо,
Он ҷо чи занад кӯшаш, он ҷо чӣ бувад донаш?!

Он ҷо, ки назар бошад, ҳар кор чу зар бошад,
Бе даст барад чавгон ҳар гӯй зи майдонаш!

Шамсулҳақи Табрезӣ, к-ӯ ҳар дили бедилро
Меораду меорад то ҳазрати султонаш!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.