Бирафтам дӣ ба пешаш сахт пурҷӯш

Бирафтам дӣ ба пешаш сахт пурҷӯш,
Напурсид ӯ маро, биншаст хомӯш.

Назар кардам бар ӯ, яъне ки вопурс,
Ки бе рӯйи чу моҳам чун будӣ дӯш?!

Назар андар замин мекард ёрам,
Ки яъне чун замин шав пасту беҳуш!

Бибӯсидам заминро, саҷда кардам,
Ки яъне чун заминам масту мадҳуш!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.