Шунав панде зи ман, ай ёри хушкеш...

Шунав панде зи ман, ай ёри хушкеш:
Ба хуни дил барояд кори дарвеш!

Яқин медон, муҷибу мустаҷоб аст,
Дуъои сӯхта дарвеши дилреш!

Чу он султони бечунро бидидӣ,
Ғанӣ гаштӣ, раҳидӣ аз каму беш!

Чу Исмоъил қурбон шуд дар ин ишқ,
Валиро банда шав, гар нестӣ меш!

Чу пухтӣ дар ҳавои Шамси Табрез,
Аз ин хомони беҳуда маяндеш!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.