Соқиё, бегаҳ расидӣ, май бидиҳ, мардона бош

Соқиё, бегаҳ расидӣ, май бидиҳ, мардона бош,
Соқии девонагонӣ, ҳамчу май девона бош!

Сарбасар пур кун қадаҳро, мӯйро гунҷо мадиҳ,
В-он к-аз ин майдон битарсад, гӯ, бирав, дар хона бош!

Чун зи худ бегона гаштӣ, рав, ягона мутлақӣ,
Баъд аз он, хоҳӣ, вафо кун, хоҳ рав, бегона бош!

Дуррҳои босадафро сӯйи дарё роҳ нест,
Гар чунон дарё-т бояд, бесадаф дурдона бош!

Бонг бар тӯфон бизан, то ӯ набошад хиракуш.
Шамъро таҳдид кун, к-ай шамъ, чун парвона бош!

Косаи сарро тиҳӣ кун в-онгаҳе бо сар бигӯ,
К-ай муборак косаи сар, ишқро паймона бош!

Лонаи ту ишқ будаст, ай ҳумойи лоязол,
Ишқро муҳкам бигиру сокини ин лона бош!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.