Он ки ҷонаш додайӣ, онро макуш

Он ки ҷонаш додайӣ, онро макуш,
В-ар надодӣ, нақши беҷонро макуш!

Он ду зулфи кофари худро бигӯ,
К-ай ягона, аҳли ӣмонро макуш!

Офтобо, рӯйи худ ҷилва макун,
Чанд рӯзе моҳи тобонро макуш!

Чун ту Симурғӣ ба Қофи зулҷалол,
Бозгарду ҷумла мурғонро макуш!

Дар миёни хуни ҳар мискин марав,
Ҷуз Қубоду шоҳи Хоқонро макуш!

Гар маро дарбони ишқат бор дод,
Аз сари ғайрат ту дарбонро макуш!

Гар фузулам ман, ки миҳмони туям,
Шарт набвад, ҳеч миҳмонро макуш!

Масти майдонам, зи май донам хароб,
Шиша машкан, масти майдонро макуш!

Шамси Табрезӣ, туйӣ султони ман,
Бозгаштам, бози султонро макуш!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.