Сармаст шуд нигорам, бингар ба наргисонаш

Сармаст шуд нигорам, бингар ба наргисонаш,
Мастона шуд ҳадисаш, печида шуд забонаш!

Гаҳ мефитад аз ин сӯ, гаҳ мефитад аз он сӯ,
Он кас, ки маст гардад, худ ин бувад нишонаш!

Чашмаш балои мастон, моро аз ӯ матарсон,
Ман мастаму натарсам аз чӯби шаҳнагонаш!

Ай ишқ, Иллаҳ-Иллаҳ, сармаст шуд шаҳаншаҳ,
Барчаҳ, бигир зулфаш, даркаш дар ин миёнаш!

Андешае, ки ояд дар дил зи ёр, гӯяд:
"Ҷон бар сараш фишонам, пурзар кунам даҳонаш!

Он рӯйи гулситонаш в-он булбули баёнаш
В-он шеваҳо-ш, ё Раб, то бо кӣ аст онаш?!

Ин сураташ баҳона-ст, ӯ нури осмон аст,
Бигзар зи нақшу сурат, ҷонаш хуш аст, ҷонаш!

Дайро баҳор бахшад, шабро наҳор бахшад,
Пас, ин ҷаҳони мурда зинда-ст аз он ҷаҳонаш!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.