Мо ба Сулаймон хушем, деву парӣ, гӯ, мабош

Мо ба Сулаймон хушем, деву парӣ, гӯ, мабош,
Ҳусни ту аз ҳад гузашт, шевагарӣ, гӯ, мабош!

Ҳаст, дурусти дилам, миҳри туйӣ ҳосилам,
Ҷони заринам бас аст, муҳри зарӣ, гӯ, мабош!

Ишқ кадом оташ аст, к-ӯ ҳамаро дилкаш аст?!
Чокарии ӯ хуш аст, мулку сарӣ, гӯ, мабош!

Баркан аз кор ту даст ба якбор ту,
Хушк лабам дор ту, ҳеч тарӣ, гӯ, мабош!

Ҷони ман аз ҷони ишқ шуд ҳамагӣ кони ишқ,
Ҳамраҳи мардони ишқ моданарӣ, гӯ, мабош!

Сояи ту пешу пас ҷони маро дастрас,
Сояи он нахл бас, борварӣ, гӯ, мабош!

Ҷони сафо Шамси дин, аз Табрезӣ чу Чин,
Аз ту маро ғайри ин пардадарӣ, гӯ, мабош!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.