Ҷони ман аст ӯ, ҳай мазанедаш!

Ҷони ман аст ӯ, ҳай мазанедаш!
Они ман аст ӯ, ҳай мабаредаш!

Оби ман аст ӯ, нони ман аст ӯ,
Масал надорад боғи умедаш!

Боғу ҷинонаш, оби равонаш,
Сурхии себаш, сабзии бедаш!

Муттасил аст ӯ, муътадил аст ӯ,
Шамъи дил аст ӯ, пеш кашедаш!

Ҳар ки зи ғавғо в-аз сари савдо
Сар кашад ин ҷо, сар бибуредаш!

Ҳар ки зи саҳбо орад сафро,
Косаи сикбо пеш ниҳедаш!

Ом биёяд, хос кунедаш,
Хом биёяд, ҳам бипазедеш!

Нак шаҳи ҳодӣ з-он сӯйи водӣ
Ҷониби шодӣ дод нуведаш!

Дод закоте, оби ҳаёте,
Шохи наботе, то бимазедаш!

Бода чу хурд ӯ, Хомуш кард ӯ,
Заҳмат бурд ӯ, то талабедаш!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.