Нидо расид ба ошиқ зи олами розаш

Нидо расид ба ошиқ зи олами розаш,
Ки ишқ ҳаст Буроқи Худой, метозаш!

Таборакаллаҳ, дар хокиён чӣ бод афтод,
Чу оби лутф биҷӯшид з-оташи нозаш?!

Гирифт шакли кабӯтар зи моҳ то моҳӣ,
Зи ишқ он ки дарояд ба чангали бозаш!

Гирифт чиҳраи ушшоқ рангу сиккаи зар,
Зи ишқи заргари мову зи лаззати гозаш!

Дар он ҳаво, ки ҳавову ҳавас аз ӯ хезад,
Чи дид мурғи дил аз мо, зи чист парвозаш?!

Гаҳе ки мурғи дили мо бимонд аз парвоз,
Кӣ баст шаҳпар ӯро, кӣ бурд ангозаш?

Магӯ, ки ғайрат ҳар лаҳза даст мехояд,
Ки шарм дор зи ёру зи ишқи таннозаш!

Зи ғайраташ гила кардам, ба ханда гуфт маро,
Ки ҳар чи банд кунад ӯ туро, барандозаш!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.