Биё, биё, ки туйӣ ҷони ҷони ҷони самоъ

Биё, биё, ки туйӣ ҷони ҷони ҷони самоъ,
Ҳазор шамъи мунаввар ба хонадони самоъ!

Чу сад ҳазор ситора зи туст равшандил,
Биё, ки моҳи тамомӣ дар осмони самоъ!

Биё, ки ҷону ҷаҳон дар рухи ту ҳайрон аст,
Биё, ки булъаҷабӣ нек дар ҷаҳони самоъ!

Биё, ки бе ту ба бозори ишқ нақде нест,
Биё, ки чун ту зареро надид кони самоъ!

Биё, ки бар дари ту шистаанд муштоқон,
Зи боми хеш фурӯ кун ту нардбони самоъ!

Биё, ки равнақи бозори ишқ аз лаби туст,
Ки шоҳидест ниҳонӣ дар ин дукони самоъ!

Биёр қанди маъонӣ зи Шамси Табрезӣ,
Ки бозмонд зи ишқи лабаш даҳони самоъ!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.