Ай нотиқи илоҳӣ в-ай дидаи ҳақойиқ

Ай нотиқи илоҳӣ в-ай дидаи ҳақойиқ,
З-ин қулзуми пуроташ, ай чораи халойиқ!

Ту бас қадим пирӣ, бас шоҳи беназирӣ,
Ҷонро ту дастгирӣ аз офати алойиқ.

Дар роҳи ҷонсупорӣ ҷонҳо туро шикоре,
Оваҳ, к-аз ин шикорон то ҷони кист лойиқ!

Махлуқ худ кӣ бошад, к-аз ишқи ту билофад?!
Ай ошиқи ҷамолат нури ҷалоли холиқ!

Гӯйӣ чи чора дорам, к-он ишқро шикорам,
Бемори ишқи зорам, ай ту табиби ҳозиқ!

Лутфи ту гуфт: "Пеш о!" Қаҳри ту гуфт: "Пас рав!"
Моро яке хабар кун, к-аз ҳар ду кист содиқ!

Ай офтоби ҷонҳо, ай Шамси Ҳаққи Табрез,
Ҳар зарра аз шуъоъат ҷони латифи нотиқ!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.