Ошиқиву онгаҳонӣ ному нанг?!

Ошиқиву онгаҳонӣ ному нанг?!
Ӯ нашояд, ишқро диҳ санг, санг!

Гар зи ҳар чизе билангӣ, дур шав,
Роҳи дуру санглоху ланг-ланг?!

Марг агар мард аст, ояд пеши ман,
То кашам хуш дар канораш танг-танг!

Ман аз ӯ ҷоне барам бе рангу бӯ,
Ӯ зи ман далқе ситонад ранг-ранг!

Ҷавру зулми дӯстро бар ҷон биниҳ,
В-ар нахоҳӣ, пас салои ҷанг-ҷанг!

Гар намехоҳӣ тароши сайқалаш,
Бош чун ойинаи пурзанг, занг!

Дастро бар чашми худ ниҳ, гӯ ба чашм,
Чашм бикшо, хира мангар данг-данг!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.