Ҳариф ҷанг гузинад, ту ҳам даро дар ҷанг

Ҳариф ҷанг гузинад, ту ҳам даро дар ҷанг,
Чу саг судоъ диҳад, тан мазан, баровар санг!

Ба пеш ойу чунин хешро халова¹ макун,
Ки ин-т гӯяд, гӯл асту он-т гӯяд, данг!

Чи даст бошад, к-аз рӯ магас надонад ронд,
Зи сусттабъӣ кирме намоядаш чу паланг?!


¹ Гилоба, лойоба; чиркин, ғажд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.