Ин булъаҷаб, к-андар хазон шуд офтоб андар Ҳамал

Ин булъаҷаб, к-андар хазон шуд офтоб андар Ҳамал,
Хунам ба ҷӯш омад, кунад дар ҷӯйи тан рақсулҷамал!

Ин рақси мавҷи хун нигар, саҳро пур аз Маҷнун нигар
В-ин ишрати бечун нигар эман зи шамшери аҷал!

Мурдор ҷонӣ мешавад, пирӣ ҷавонӣ мешавад,
Мис зарри конӣ мешавад дар шаҳри мо ниъмулбадал!

Шаҳре пур аз айшу фараҳ бар дасти ҳар масте қадаҳ,
Ин сӯй нӯш, он сӯй саҳ, ин ҷӯйи ширу он асал!

Дар шаҳр як султон бувад в-ин шаҳр пурсултон, аҷаб?!
Бар чарх як моҳ аст бас в-ин чарх пурмоҳу Зуҳал?!

Рав, рав табибонро бигӯ, к-он ҷо шуморо кор нест,
К-он ҷо набошад иллате в-он ҷо набинад кас халал!

Не қозие, не шаҳнае, не мири шаҳру муҳтасиб,
Бар оби дарё кай равад даъвову хасмиву ҷадал?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.