Чанд аз ин қилу қол?! Ишқ парасту бибол

Чанд аз ин қилу қол?! Ишқ парасту бибол,
То ту бимонӣ чу ишқ дар ду ҷаҳон безавол!

Чанд кашӣ бори ҳаҷр, ғуссаву темори ҳаҷр,
Хоса, ки минқори ҳаҷр канд туро парру бол!

Оҳ зи нафси фузул, оҳ зи заъфи уқул,
Оҳ зи ёри малул, чанд намояд малол?!

Он ки ҳамехонамаш ҳаҷр, намедонамаш,
То ки битарсонамаш аз ситаму аз вубол!

Ҷумла суолу ҷавоб з-ӯст, манам чун рубоб,
Мезанадам ӯ шитоб захма, ки яъне бинол!

Як дам бонги наҷот, як дам овози мот
Мезанад он хушсифот бар ману бар васфи ҳол!

"Туслиҳу мизонано, туҳсину алҳонано,
Тузҳибу ахзонано, анта шавидулмиҳол!".

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.