Зи худ шудам зи ҷамоли пур аз сафо, ай дил!

Зи худ шудам зи ҷамоли пур аз сафо, ай дил!
Бигуфтамаш, ки зиҳӣ хубии Худо, ай дил!

Ғуломи туст ҳазор офтобу чашму чароғ,
Зи партави ту зулол аст ҷонҳо, ай дил!

Ниҳоятест, ки хубӣ аз он гузар накунад,
Гузашт ҳусни ту аз ҳадду мунтаҳо, ай дил!

Париву дев ба пеши ту бастаанд камар,
Малик суҷуд кунад в-ахтару само, ай дил!

Кадом дил, ки бар ӯ доғи бандагии ту нест?!
Кадом доғи ғаме, к-аш найӣ даво, ай дил?!

Ба ҳукми туст ҳама ганҷҳои ламязалӣ,
Чи ганҷҳо, ки надорӣ ту дар фано, ай дил?!

Назар зи сӯхтагон вомагир, к-аз назарат
Чи Кавсар асту даво дафъи сӯзро, ай дил!

Бигуфтам: "Ин маҳ монад ба Шамси Табрезӣ!",
Бигуфт дил, ки куҷой аст то куҷо, ай дил?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.