Омад хаёли хуш, ки ман аз гулшани ёр омадам

Омад хаёли хуш, ки ман аз гулшани ёр омадам,
Дар чашми масти ман нигар, к-аз кӯйи хаммор омадам.

Сармояи мастӣ манам, ҳам дояи ҳастӣ манам,
Боло манам, пастӣ манам, чун чархи даввор омадам!

Онам, к-аз оғоз омадам, бо рӯҳи дамсоз омадам,
Баргаштаму боз омадам, бар нуқта паргор омадам!

Гуфтам: "Биё, шод омадӣ, додам бидиҳ, дод омадӣ",
Гуфто: "Бидидӣ доди ман, к-аз баҳри ин кор омадам!"

Ҳам ман маҳу маҳтоби ту, ҳам гулшану ҳам оби ту,
Чандин раҳ аз иштоби ту бе кафшу дастор омадам!

Фархунданомӣ, ай писар, гарчи ки хомӣ, ай писар,
Талхӣ макун, зеро ки ман аз лутфи бисёр омадам!

Хандон даро, талхӣ бикаш, шобош, ай талхии х(в)аш,
Гулҳо диҳам гарчи ки ман, аввал ҳама хор омадам!

Гул сар бурун кард аз дараҷ, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ,
Ҳар шох гӯяд лоҳараҷ, к-аз сабр дар бор омадам!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.