Ҷамъи ту дидам, пас аз ин ҳеч парешон нашавам

Ҷамъи ту дидам, пас аз ин ҳеч парешон нашавам,
Роҳи ту дидам, пас аз ин ҳамраҳи эшон нашавам!

Ай ки ту шоҳи чаманӣ, сер кунӣ сад чу мане,
Чашму дилам сер кунӣ, сухраи ин хон нашавам!

Каъба чу омад суйи ман, ҷониби Каъба наравам,
Моҳи ман омад ба замин, қосиди кайвон нашавам!

Фарбиҳу пурбоди туам, масту хушу шоди туам,
Бандаи озоди туам, бандаи шайтон нашавам!

Шоҳи заминиву замон, ҳамчу хирад фошу ниҳон,
Пеши ту, ай ҷону ҷаҳон, ҷумла чаро ҷон нашавам?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.