Парвона намешикебад аз дур

Парвона намешикебад аз дур,
В-ар қасд кунад, бисӯзадаш нур.

Ҳар кас ба тааллуқе гирифтор,
Соҳибназарон ба ишқи манзур⁴.

Он рӯз, ки рӯзи ҳашр бошад,
Девони ҳисобу арзи маншур⁵,

Мо зинда ба зикри дӯст бошем,
Дигар ҳаявон ба нафхаи сур.

Ё Раб, ки ту дар биҳишт бошӣ,
То кас накунад нигоҳ дар ҳур.

Мо масти шароби ноби ишқем,
На ташнаи Салсабилу Кофур⁶.

Бим аст, шарори оҳи муштоқ,
К-оташ бизанад ҳиҷоби мастур.

Ман донаму дардманди бедор
Оҳанги шаби дарози дайҷур.

Охир, зи ҳалоки мо чӣ хезад?
Симурғ чӣ мекунад ба усфур⁴?

Наздик намешавӣ ба сурат,
В-аз дидаи дил намешавӣ дур.

Аз пеши ту роҳи рафтанам нест,
Гардан ба каманд беҳ, ки маҳҷур.

Саъдӣ, чу муродат ангубин аст,
Воҷиб бувад эҳтимоли занбур.


¹ Муроду мақсуд.
² Арзаи фармони Худованд.
³ Номи чашмаҳо дар биҳишт.
⁴ Гунҷишк.