То ба кай, ай шакар, чу тан бе дилу ҷон фиғон кунам?!

То ба кай, ай шакар, чу тан бе дилу ҷон фиғон кунам?!
Чанд зи баргрези ғам зард шавам, хазон кунам?!

Аз ғаму андуҳони ман сӯхт даруни ҷони ман,
Ҷумла фурӯғи оташин то ба кайаш ниҳон кунам?!

Чанд зи дӯст душманӣ, ҷон шиканиву тан занӣ,
Чанд мани шикастадил навҳаи тан ба ҷон кунам?!

Мӯъмини ишқам, ай санам, наъраи ишқ мезанам,
Ҳамчу асиракон зи ғам то ба кай алъамон кунам?!

Чунки хаёли ту саҳар сӯйи ман ояд, ай қамар,
Чун гузарад зи мавҷи хун, хоса, ки хун фишон кунам?!

Санг шуд об аз ғамам, оҳ, на сангу оҳанам,
К-оташ рӯяд аз танам, чун ки ҳадиси он кунам?!

Ай Табрез, Шамси дин бо ту қарину чун қарин?!
Даври қамар агар, ҳала, бо ту яке қирон кунам?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.